Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз китоби Ҷабборов дар Қирғизистон


Иддаои яке аз сиёсатмадорони мухолифони Қирғизистон дар китоби интернетиаш, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебарад, дар ин кишвар нигарониҳо ба бор овардааст.

Содир Ҷаъфаров-намояндаи пешини порламон аз ҳизби Ата Журт китоби нави худро бо номи «10 сол дар сиёсат» ахиран дар ирнтернет ба чоп расонд. Ҳоло он дар шакли китоб ба табъ нарасидааст.

Ҷаъфаров дар ин китоби худ иддао мекунад, ки Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури пешин ва чанд нафари дигар аз мақомот гӯё дар интиқоли махфии миқдори зиёди тилло ба Туркия дар соли 2011 даст доранд.

Яке аз мақомот, ки дар ин китоб муттаҳам шудааст, Эмилбек Каптагаев-раиси вилояти Иссиқ Кӯл аст ва вай 5 январ ин иддаоро «дурӯғи маҳз» хонд. Вай гуфт, ки агар китоб ба нашр расад, муаллифро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Ҷаъфаров ҳоло дар Полша ба сар мебарад. Вай ва ду нафари дигар аз раҳбарони Ата Журт, яъне Қамчибек Ташиев ва Талант Мамитов барои талоши сарнагунии ҳукумат моҳи марти соли гузашта аз як сол то 1,5 сол маҳкум ба зиндон шуданд, вале ба ҷонибдории онҳо тазоҳуроти эътирозии зидди ҳукуматӣ баргузор шуд ва онҳоро моҳи июн аз ҳабс раҳо карданд.

Қубатбек Байболов-Додситони кулли пешини кишвар 5 январ гуфт, ки бояд ба ин иддаои Ҷаъфаров расидагӣ сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG