Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нақлиёт вакили порлумон мешавад


Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз сӯи ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии порлумониин кишвар пешбарӣ шудааст. Дафтари матуботи вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 6 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран дар ҷаласаи ин ҳизб тасмим гирифта шуд, ки Хайрулло Асоев ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи муштараки ноҳияҳои Файзобод ва Ваҳдат ҳамчун номзад пешбарӣ шавад. Ҷаласа созмонҳои маҳаллии ҳизби ҳоким ба манзури пешбарии номзадии Асоев, қарор аст, 10 январ доир шавад.

Хайрулло Асоев аз 29 ноябри соли 2013 бо фармони президенти Тоҷикистон вазири нақлиёт таъин шуд ва узви Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии порлумон низ мебошад. Ӯ соли 1978 донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм карда, то соли 1994 дар раёсати сохтмонии “” Роғунгесстрой” фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то интисобаш ба мақоми вазирӣ мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун буд.

XS
SM
MD
LG