Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози тоҷирони бозори "Панҷшер"


Тоҷирони бозори “Панҷшер”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе пас аз ду соати корпартоӣ ду бора ба маҳаллӣ корашон баргаштанд. Корпартоии тоҷирони бозори "Панҷшер" дар Душанбе, ба гуфтаи шоҳидон, аз соати 8-и субҳи имрӯз, 6-уми январ оғоз шуда, то соати 10 идома ёфт. Эътирози тоҷирони бозори “Панҷшер” дар ҳоле иттифоқ меафтада, ки моҳе Панҷшер Чолов, писари Қурбон Чолов ба таври мармуз фавтид ва ин бозор ба ихтиёри Сулаймон Чолов, амаки ӯ гузашт. Сулаймон, ҷавоне, ки худро ҳуқушиноси бозори “Панҷшер” муаррифӣ кард, гуфт, пас аз сӯҳбат бо эътирозгарон ва ваъдаи омӯзиши хостаҳояшон онҳо ором гирифта,ба ҷаои корашон баргаштанд: "Ҳоло мо гуфтем, ки раҳбарияти бозор нест. Вақте омад, назди ӯ шикоятатонро расонед. Онҳо моро фаҳмиданд ва ҳоло ба ҷои савдоашон рафтанд."

Аммо тоҷирони эътирозгар мегӯянд, пас аз фавти Панҷеш Чолов амаки ӯ арзишҳои ҷои нишастро бе ягон сабаб боло бурд, ки барои соҳикорон хеле гарон аст. Мавҷуда Сатторова, як соҳибкорзан гуфт, агар ба чунин шева онҳо пул супоранд, ҳеҷ даромаде нахоҳанд гирифт. Маркази тиҷоратии “Панҷшер” дар соли 2005 дар қисме аз бозори “Саховат” сохта шуд. Ин маркази тиҷоратӣ ба Панҷшер Чолов рабт дошт, ки моҳе пеш пас аз марги падараш дар сини 31 солагӣ аз дунё даргузашт. Ҳоло раҳбарии ин бозорро Сулаймон Чолов, як тоҷири муваффақ аз хонаводаи Чоловҳо бар дӯш дорад. Сулаймон Чолов, ягона аз 9 бародарон Чоловҳост, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ силоҳ ба даст нагирифта, аз оғоз ба тиҷорат шуғл дошт.

XS
SM
MD
LG