Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон эълон шуд


Алишер Тухтаев, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), ҳайати дастаашро, ки дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкат мекунад, эълон кард.

Алишер Тухтаев, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), бозигаронеро, ки барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ба Санкт-Петербурги Русия мераванд, номбар кард. Ба ҳайати ниҳоии даста 19 футболбоз – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2015:

дарвозабонҳо: Дилшод Дадобоев (“Эсхата”), Эмомалӣ Сониев ("Истиқлол”);

ҳимоятгарон: Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Парвизҷон Ҳомидов («Хайр»), Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»);

нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»), Вайсиддин Сафаров («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов (ҳарду – ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»);

ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»).

Сармураббӣ: Алишер Тухтаев.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январ бо ширкати 12 даста дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо тими Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.

Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Дар Ҷоми Иттиҳод, ки барои бори 23-юм барпо мегардад, ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин тимҳои ҷавонони Финляндия ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард. Вале мунтахаби ҷавонони Украина, ғолиби мусобиқаи порсола, ширкат намеварзад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон мунтахаби ҷавонони кишвар пеш аз сафар ба Санкт-Петербург ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Имрӯз, 6-уми январ, соати 15:00 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) рақобат мекунад. Бозии дувуми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи панҷшанбеи 8-уми январ соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2015:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

16 январ (ҷумъа)

14:00 – Беларус – Туркманистон

16:15 – Эстония – Финляндия

18:30 – Молдова – Қирғизистон

21:00 – Русия – Латвия

17 январ (шанбе)

14:00 – ҶАҶ - Литва

16:15 – Тоҷикистон – Қазоқистон

18:30 – Финляндия – Туркманистон

21:00 – Эстония – Беларус

18 январ (якшанбе)

14:00 – Латвия – Қирғизистон

16:15 – Қазоқистон – Литва

18:30 – Тоҷикистон – ҶАҶ

21:00 – Русия – Молдова

19 январ (душанбе)

14:00 – Беларус – Финляндия

16:15 – Туркманистон – Эстония

18:30 – Молдова – Латвия

21:00 – Қирғизистон – Русия

20 январ (сешанбе)

14:00 – ҶАҶ – Қазоқистон

16:15 – Литва – Тоҷикистон

21 январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – 1А – 3В/3С

16:15 – 2B – 2С

18:30 – 1С – 2А

21:00 – 1В – 3А/3С

22 январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои за 9-12-ум

18:30 – 4А – 4С

21:00 – 4В – 3А/3В/3С

23 январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24 январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25 январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина, ки дар бозии ниҳоӣ тими Русияро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод, ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2014 гаштааст.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) порсол дар Ҷоми Иттиҳод дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1).

XS
SM
MD
LG