Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шакки Порису Берлин ба баргузории нишасти Остона


Мулоқоти сарони "чаҳоргона" дар Милан (акс аз бойгонӣ)
Мулоқоти сарони "чаҳоргона" дар Милан (акс аз бойгонӣ)

Фаронса ва Олмон имкони баргузории нишасти сарони чаҳор кишвар аз рӯи “формати Нормандия” дар Остона, пойтахти Қазоқистонро зери шубҳа бурданд. Штефан Зайберт, сухангӯи садри аъзами Олмон, рӯзи 5 январ дар посух ба суол дар бораи ҳузури Ангела Меркел дар ин нишаст гуфт, “ин гуна мулоқотҳо дар ҳоле муфид хоҳанд буд, ки дар онҳо оид ба татбиқи созишҳои Минск пешрафт ҳосил шавад, нерӯҳои украинӣ ва ҷудоихоҳон ба оташбаси воқеъӣ дар ҷабҳа даст ёбанд”.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ҳам рӯзи душанбе ба радиои France Inter гуфт, фақат дар ҳоле ба Остона меравад, ки имкони расидан ба пешрафти воқеъӣ дар ин нишастро эҳсос кунад.

Мавзӯи бӯҳрон дар шарқи Украина рӯзи душанбе дар Берлин дар мулоқоти намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Украина, Русия, Олмон ва Фаронса аз рӯи “формати Нормандия” баррасӣ шуд.

Моҳи июни соли гузашта ҳангоми таҷлил аз 70-солагии вуруди нерӯҳои ҳампаймон ба минтақаи Нормандияи Фаронса сарони Олмон ва Фаронса барои нахустин бор миёнарав дар музокироти миёни Маскав ва Киев шуданд. Аз ҳамон замон ҳама гуна нишасту музокирот бо ширкати ҳайатҳои чаҳор кишвар – Украина, Русия, Олмон ва Фаронса чун «формати Нормандия» ном бурда мешаванд.

Аз ин пеш Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, гуфта буд, ки дар бораи баргузории нишасти сарони чаҳор кишвар аз рӯи «формати Нормандия» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 15 январ созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Охирин мулоқоти сарони «чаҳоргона» моҳи октябри соли гузашта дар Милан (Италия) баргузор ва ба баҳси газ миёни Русияву Украина бахшида шуда буд.

XS
SM
MD
LG