Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ба дархосташ барои ширкат дар Ҷоми АФК-2015 бисту як бозигарро пешниҳод кардааст.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, соҳиби ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ба дархосташ барои ширкат дар Ҷоми АФК-2015 бисту як бозигарро пешниҳод кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаи “Хайр”-ро бозигарони нав, ба монанди дарвозабон Рустам Ризоев, ҳимоятгар Ҳасан Рустамов ва ҳамлагар Шодибек Ғаффоров, ки мавсими гузашта дар тими “Энергетик»-и Душанбе бозӣ мекарданд, пурра намуданд.

Инчунин ба дархости “Хайр” барои ширкат дар Ҷоми АФК ҳимоятгар Сафаралӣ Каримов аз «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва ҳамлагар Меҳроҷиддин Музаффаров, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки порсол дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард, дохил шудаанд.

Бар асосои дастури Ҷоми АФК-2015, “Хайр” метавонад як ҳафта пеш аз бозии аввалин боз панҷ нафарро ба дархосташ илова намояд.

Ёдвар мешавем, ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст. Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш - бошгоҳи «Шайх Рассел» - мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.

Дар сурати роҳ ёфтан ба Ҷоми АФК-2015 «Хайр» дар гурӯҳи «А» «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун, «Ал-Наҳда» ё «Сувайк»-Умон ва «Ал-Ваҳда»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Дархости бошгоҳи футболи «Хайр» барои ширкат дар Ҷоми АФК-2015:

Дарвозабонҳо: 1. Худододагӣ Абдураҳимов, 25. Рустам Ризоев, 28. Анатолий Старушенко (Украина).

Ҳимоятгарон: 2. Сафаралӣ Каримов, 3. Парвизҷон Ҳомидов, 4. Фирӯз Шамсиев, 12. Ҳасан Рустамов, 15. Баҳодур Шарифов, 17. Идибек Ҳабибуллоев, 22. Муҳаммадюсуф Хайров.

Нимҳимоятгарон: 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 6. Далерҷон Шарифов, 8. Алишер Улмасов, 10. Амирбек Ҷӯрабоев, 11. Андох Наполеон (Гана), 14. Мӯҳсинҷон Парпиев, 20. Бебей Кингли Поул Роланд (Камерун).

Ҳамлагарон: 7. Мирзобек Мирзоев, 9. Меҳроҷиддин Музаффаров, 18. Шодибек Ғаффоров, 19. Алишер Хайров.

Сармураббӣ: Тоҳир Муъминов.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG