Пайвандҳои дастрасӣ

Алоқаи ҷинсии як марди 34-сола бо духтари 16-сола


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 34-солаи шаҳри Душанберо бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо як духтари 16-сола дастгир кардаанд. Дар хабари рӯзи 5 январ нашршуда дар сомонаи ин вазорат гуфта мешавад: “Санаи 03.01.с.2015, ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Н.Р. соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки духтари ноболиғаш Н.М. соли таваллудаш 1998-ро моҳи декабри соли 2012-ум шаҳрванд Х.А. соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе, ба хонаи истиқоматиаш бурда бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Х.А. дастгир карда шуд."

Қаблан ин вазорат аз боздошти як сокини Ҳисор бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо як духтари 12-солаи сокини пойтахт хабар дода буд. Ин боздоштҳо дар ҳолест ки аз афзоиши мизони ҷиноятҳои ахлоқӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мешавад ва вазорати умури дохила дар тобистони соли 2014 як маъракаи густардаи зидди чунин ҷиноёт, аз ҷумла алайҳи танфурӯшону даллаҳо ва моликони фоҳишахонаҳоро ба роҳ андохта буд. Вазорати умури дохила мегӯяд, нисбат ба боздоштшудаи охир парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG