Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии Рӯҳонӣ аз қабули қарорҳо бо раъйдиҳӣ


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, изҳор намуд, ки қарорҳои муҳим дар кишвар бояд аз тариқи раъйдиҳӣ қабул шаванд. Ӯ дар як нишаст оид ба масоили иқтисодӣ рӯзи 5 январ гуфт, беҳтар мебуд агар масъалаҳои пурарзиш ва муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ на дар Маҷлис, балки аз сӯи мардум дар референдум баррасӣ мешуданд.

Қонуни асосии Эрон, ки соли 1979 пазируфта шудааст, дар ҳолатҳои зарурӣ баргузор кардани раъйпурсӣ оид ба мушкилоти муҳимро иҷоза медиҳад.

Раисиҷумҳури Эрон дар суханронияш изҳор намуд, ки ба хотири хотима додан ба инзивои байнулмилалии кишвар бояд дахолати давлат ба иқтисод кам ва шаффофияти бештари он таъмин карда шавад

Иқтисоди Эрон бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ, ки Ғарб дар робита ба барномаи ҳастаии Теҳрон ҷорӣ кардааст, дар марҳалаи сангин қарор дорад. ИМА ва ҳампаймонҳояш Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд. Аммо Эрон ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои осоишта дорад.

XS
SM
MD
LG