Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ватан" ба Хуҷанд расид


Tajikistan -- Radio Vatan Logo Undated
Tajikistan -- Radio Vatan Logo Undated

Радиои Ватан аз соли нав ба пахши барномаҳояш дар вилояти Суғд шурӯъ кардааст. Дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд барномаҳои радиои “Ватан” ба сурати шабонарӯзӣ рӯи мавҷи 103,3 FM пахш мешаванд. Радиои «Ватан» аз 7 майи соли 2003 ба фаъолият шурӯъ карда, ба сурати шабонарӯзӣ барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ ва тафреҳӣ пешниҳод мекунад. Соли гузашта “Ватан” тавонист пахши барномаҳояш дар маркази вилояти Бадахшонро ҳам рӯи мавҷи 105FM ба роҳ андозад.

Лоиҳаҳои гуногуне хам аз ҷониби ҳайати эҷодии “Ватан” пиёда карда шудааст, ки якеаш «Ситораҳои асри нав» буд. Тахмина Ниёзова, Зайнура Пӯлодова, Абдукарим Машрабов, Фарид Муҳаммад Зоҳир аз ҷумлаи ғолибони ҳамин озмунанд, ки ҳоло аз ҳунармандони шинохта дар кишвар маҳсуб мешаванд. Ҷоизаи «Топ-50: 50 нафари хушсалиқаи Душанбе» низ ташаббуси дигарест, ки радиои «Ватан» имсол бори чорум супурд.

Роҳбарии ин радиоро Вера Кулакова-Браннеруд ба дӯш дорад. Радиои “Ватан” дар Душанбе ва атрофи он дар мавҷи 106, дар Қӯрғонтеппа ва атрофаш рӯи мавҷи 102,4, дар Хоруғ дар мавҷи 105 ва дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи он дар мавҷи 103,3 FM дастрас аст.

XS
SM
MD
LG