Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон барномаи ислоҳоти додгоҳиро тасдиқ кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти додгоҳӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар барои солҳои 2015-2017-ро би имзо расонидааст.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 январ бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи ислоҳоти додгоҳӣ-ҳуқуқӣ дарТоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин барнома идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта, таҳлили сохтору фаъолияти додгоҳҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти додгоҳи муртабит, таҳия гардидааст

Дар ин барнома ҳамчунин рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи Олии иқтисодӣ, додгоҳҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати додгоҳӣ нисбати ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои додгоҳӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд пешбинӣ шудааст.

Инчунин тақвияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ-ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии додгоҳҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин самтҳои дигари фаъолиятӣ ҳокимияти судӣ аз мавориди дигаре ҳастанд, ки дар ин барнома ҷой дода шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз ин барнома таҳкими минбаъдаи адолати додгоҳӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, тақвияти пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон шикоят аз фаъолияти додгоҳҳо, ки гӯё мустақил нестанду мувофиқи майли мақомоти иҷроия ва бо гирифтани ришва қарор қабул мекунанд, зиёд садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG