Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолланд: Таҳримҳо алайҳи Русия шояд лағв шаванд


Нишасти сарони Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дар Милан (акс аз бойгонӣ)

Нишасти сарони Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дар Милан (акс аз бойгонӣ)

Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, мегӯяд, ки таҳримҳои Ғарб дар баробари Русия дар ҳоли пешрафт дар ҳалли бӯҳрон дар шарқи Украина бояд лағв карда шаванд. Ӯ дар сӯҳбат аз тариқи радиои France Inter рӯзи душанбе гуфт, таҳримҳо ҳоло бояд қатъ ва дар ҳоли пешрафт аз байн бурда шаванд. Дар сурати ҳосил нашудани пешрафт дар музокирот оид ба бӯҳрони Донбасс, ба гуфтаи сарвари Фаронса, таҳримҳо боқӣ хоҳанд монд.

Аз ин пеш муовини садри аъзами Олмон Зигмар Габриэл изҳор намуд, ки ташдиди таҳримҳо алайҳи Маскав метавонад Русияро ба бенизомӣ мувоҷеҳ кунад. Ӯ гуфт, “мо мехоҳем, ки низоъ дар Украинаро ҳал кунем, на ин ки Русияро ба зону шинонем”.

Баъд аз замима шудани нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав чанд бор таҳримҳо ҷорӣ карданд, ки боиси 40 дар сад беқурб шудани рубли русӣ ва мушкилот дар иқтисоди Русия шуданд.

Қарор аст, ки рӯзи душанбе дар Берлин мулоқоти намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Украина, Русия, Олмон ва Фаронса оид ба ҳалли бӯҳрон дар шарқи Украина баргузор шавад. Моҳи июни соли гузашта ҳангоми таҷлил аз 70-солагии вуруди нерӯҳои ҳампаймон ба минтақаи Нормандияи Фаронса сарони Олмон ва Фаронса барои нахустин бор миёнарав дар музокироти миёни Маскав ва Киев шуданд. Аз ҳамон замон ҳама гуна нишасту музокирот бо ширкати ҳайатҳои чаҳор кишвар – Украина, Русия, Олмон ва Фаронса чун «формати Нормандия» ном бурда мешаванд.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, гуфт, ки дар бораи баргузории нишасти сарони чаҳор кишвар аз рӯи «формати Нормандия» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 15 январ созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Охирин мулоқоти сарони «чаҳоргона» моҳи октябри соли гузашта дар Милан (Италия) баргузор ва ба баҳси газ миёни Русияву Украина бахшида шуда буд.

XS
SM
MD
LG