Пайвандҳои дастрасӣ

"Панҷшанбе" то моҳи феврал тармим хоҳад шуд


Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, қисмати ба коми оташрафтаи бозори "Панҷшанбе" то моҳи феврал барқарор карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 5-уми январ дар нишасти матбуотиаш гуфт, тарҳи бозсозии 4 фурӯшгоҳи дар сӯхтори шаби 16-уми ноябр харобгашта - “Тоҷир”, “Барфаки Хуҷанд”, “Баҳор” ва “Сино” - бо риояти қоидаҳои бехатарӣ аз барқу газ таҳия шуда, бунёди иншоотҳои нав идома дорад. Вай афзуд, анҷоми фурӯшгоҳҳо ва соҳиби ҷойҳои нави савдо кардани тоҷирони зарардида дар моҳи феврал дар назар гирифта шудааст.

То ҳоли ҳозир муҳлати бозгардони қарзҳои тоҷирони аз сӯхтор хисоротдида ба таъхир андохта шуда, додани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо ҷиҳати идомаи кору савдо аз си бонкҳо ба роҳ монда шудааст. Ба маълмоти расмӣ, тоҷирон ва дӯкондорони фурӯшгоҳҳояшон сӯхта аз 17 бонк ва ташкилотҳои қарздиҳӣ, ба шумули «Агроинвестбонк», «Эсхата», «Амонатбонк», «Арванд» қарз доштаанд.

Ҳамчунин дар бозорҳои “Сомониён” дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд ва “20 солагии истиқлолият”, воқеъ дар канори дигари бозори Панҷшанбе дӯконҳои ройгон дар ихтиёри бархе тоҷирон гузошта шудааст.

Сӯхтори шаби 16 - уми ноябр дар бозори “Панҷшанбе” дар маҷмӯъ 800 метри мураббаъ ва беш аз 80 дӯкону фурӯшгоҳҳои 4 маркази садо зикршударо тақрибан пурра хароб карда буд. Мақомот зиёни сӯхторро наздики 1 миллион сомонӣ ҳисоб карданд, вале мегӯянд, ин рақами ниҳоӣ нест.

XS
SM
MD
LG