Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду сарҳадбони саъудӣ дар марз бо Ироқ


Ду марзбони саъудӣ бар асари ҳамлаи маргталабона дар марз бо Ироқ ба ҳалокат расиданд. Вазорати умури дохилии Арабистони саъудӣ рӯзи душанбе, 5 январ, дар як изҳорот гуфт, ҳамла баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки афроди ношинос сӯи марзбонҳо оташ кушоданд. Сарҳадбонҳои саъудӣ ду тан аз ҳамлагаронро дастгир карданд ва яке аз боздоштшудаҳо худро мунфаҷир намуд. Дар ин ҳодиса ду нафар, аз ҷумла, як афсари воломақом ҷон бохтаанд. Яке аз ҳамлагарон ҳадафи тири марзбонҳои саъудӣ қарор гирифт.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” бахше аз марзи миёни Ироқ ва Арабистони Саъудиро таҳти назорат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG