Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холид Хоҷа раҳбари мухолифини давлати Сурия интихоб шуд


Раҳбарони мухолифини Сурия (акс аз бойгонӣ)
Раҳбарони мухолифини Сурия (акс аз бойгонӣ)

Холид Хоҷа раҳбари нави Эътилофи миллии нерӯҳои мухолифин ва инқилобии Сурия интихоб шуд. Ӯ дар ин мақом Ҳодӣ ал-Баҳриро иваз намуд, ки дар интихобот ширкат надошт. Дар раъйдиҳӣ дар нишасти раҳбарияти эътилоф дар шаҳри Истамбули Туркия, ки рӯзи якшанбе, 4 январ доир гардид, аз номзадии Холид Хоҷа 56 узви раҳбарияти эътилоф пуштибонӣ карданд. Холид Хоҷа аз ин пеш намояндаи Эътилофи миллии нерӯҳои мухолифин ва инқилобии Сурия дар Турия буд.

Қарор аст, ки ба зудӣ намояндагони гурӯҳҳои мухолифини Сурия дар Қоҳира, пойтахти Миср, ҷамъ омада, “харитаи роҳ” оид ба музокирот бо ҳукумати Башор Асадро баррасӣ кунанд. Интизор меравад, ки бо ибтикори Маскав охирҳои моҳи январ мулоқоти намояндагони мухолифини Сурия ва ҳукумати Димишқ оид ба ҳалли низои дохилӣ дар ин кишвар баргузор шавад.

Эътилофи миллии нерӯҳои мухолифин ва инқилобии Сурия соли 2012 таъсис шуд. Аз ин эътилоф кишварҳои ғарбӣ, Туркия ва чанд кишвари арабӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG