Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳоршанбе кобинаи нави Афғонистон эълон мешавад


Манобеъ дар Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфтаанд, ки кобинаи нави он кишвар то рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ муаррифӣ хоҳад шуд.

Як манбаъ дар Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи якшанбе ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи 4 январ дар мавриди эълони кобинаи нав дар рӯзи чаҳоршанбе, гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.

Манбаъ гуфтааст, ки гумон меравад раиси ҷумҳури он кишвар Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо афроде, ки ба ҳайси номзади вазоратхонаҳо таъйин гардидаанд, рӯзҳои душанбе ва сешанбе ба таври алоҳида мулоқот намояд ва баъдан онҳоро ба парлумон муаррифӣ намояд.

Қабл аз ин, як ҳайати парлумони низ бинобар таъхир дар эъломи кобина бо раиси ҷумҳури он кишвар Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот карда буданд.

Таъхир дар эълони кобинаи нави Афғонистон на танҳо бо интиқоди шадиди аъзои парлумон, ҳамчунин ҷомеаи маданӣ ва мардумии оддии он кишвар шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, кобинаи нави ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон 25 вазир дорад, ки 13 тани онҳо аз сӯи раиси ҷумҳур Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва 12 тани дигар аз сӯи раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин мешаванд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба интизороти мардуми Афғонистон ва маҳофили сиёсӣ дар мавриди ташкили кобина поён дода хоҳад шуд ва ё ин гиреҳ боз нашуда боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG