Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дохилаи Мари Эли Русия кушта шуд


Вячеслав Бучнев
Вячеслав Бучнев

Кумитаи тафтишоти Русия расидагӣ ба қатли генерал Вячеслав Бучнев-вазири корҳои дохилаи ҷумҳурии Мари Элро оғоз кардааст. Хабаргузориҳои Русия бо такя ба дафтари матбуотии Русия навиштаанд, ки Бучнев ба эҳтимоли зиёд худкушӣ кардааст.

Вазири корҳои дохилаи ҷумҳурии Марий Эл аз 26 декабр то 8 январ дар рухсатии корӣ қарор дошт, вале гаҳ-гоҳе ба ҷои кор меомад. Рӯзи шанбе, вақте ки Бучнев дар Ёшкар Ола-маркази Мари Эл дар дафтари кории худ буд, котиби вай садои тирро шунид. Баъд аз ворид шудан ба дафтари вай, раҳбараш алакай ҷон дода буд.

Вячеслав Бучнев 55 сола буд ва раҳбарии раёсати корҳои дохилаи ҷумҳурии Марий Элро аз моҳи маи соли 2011 ба ин сӯ бар уҳда дошт. То он вақт вай 7 сол раҳбари раёсати корҳои дохилаи вилояти Кирови Русия буд.

XS
SM
MD
LG