Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко бо мақомоти низомии ҳукуматаш мулоқот кард


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина дастур дод, то ҳукумат барои раҳоии кормандони баъзе муассисот аз асорати ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар Шарқи Украина баъзе чораҳоро рӯи даст бигирад. Ин афродро ҷудоихоҳон боздошт карда буданд.

Порошенко 4 январ дар Киев бо мақомоти амниятии ҳукумати худ ҷаласа баргузор кард. Дар ин ҷаласа мақомот ҳамчунин тадбирҳои таҳкими амнияти марз ва боло бурдани маҳорати ҷангии нируҳои Украинаро баррасӣ карданд.

Александр Турченко-раиси Шӯрои Амнияти Миллии Украина гуфт, убуру мурур тавассути марз танҳо дар 7 посгоҳ имконпазир хоҳад буд, дар нуқтаҳои марзие, ки низомиён мустақаранд.

Мақомот ҳамчунин эълон карданд, ки 5 январ 100 адад таҷҳизоти сақил ба низомиён дода мешавад.

XS
SM
MD
LG