Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон тавофуқоти ҳастаӣ бо Амрикоро рад кард


Марзия Афхам
Марзия Афхам

Эрон гузоришҳоро дар бораи ба даст омадани тавофуқ бо Амрико роҷеъ ба коҳиши тавоноии иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ рад мекунад. 2 январ Ассошиейтед Пресс аз қавли ду дипломати номаълум гузориш дод, ки Эрон барои интиқол додани урани изофии ғанишудаи худ ба Русия ба тавофуқоти муқаддамотӣ омода аст. Ин урани ғанишуда маводи аслии иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ мебошад.

Аммо хонум Марзия Афхам-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон 3 январ гуфт, ки ҳеҷ гуна тавофуқ ба даст наомадааст. Эрон мегӯяд, ки намехоҳад аслиҳаи ҳастаӣ бисозад, вале бо Амрикову Русия, Чину Британия ва Фаронсаву Олмон дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастаиаш музокира анҷом медиҳад, то таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ аз миён бардошта шаванд.

Эрон содироти миқдори бештари урани ғанишудаи худ ба хориҷро борҳо рад кардааст ва Амрико ба чунин ақида аст, ки чунин кор тавоноии Эронро барои сохтани бами ҳастаӣ камтар мекунад.

Қарор аст музокироти ҳастаии Эрон 15 январ дар Женева аз сар гирифта шавад. Мӯҳлати зарбулаҷали сисёсӣ барои расидан ба тавофуқ 1 марти соли ҷорӣ ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG