Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми ИА барои равобити хуб бо кишварҳои шарқӣ


Ҷоҳаннес Ҳан
Ҷоҳаннес Ҳан

Йоҳаннес Ҳан-раиси бахши тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки ин иттиҳодия мехоҳад бо гурӯҳи кишварҳои Ҳамкорони Шарқӣ муносибати хуб дошта бошад, вале ҳамкорӣ бо ҳар яки онҳо бояд дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад.

Ҷоҳаннес Ҳан-кумиссари нави Аврупо дар ҳамкорӣ бо ҳамсоягони Иттиҳодияи Аврупо ва музокирот роҷеъ ба тавсеаи ин иттиҳодия мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо бояд роҳҳои барқарории робита ҳатто бо кишварҳоеро ҷустуҷӯ кунад, ки намехоҳанд дар оянда ба узвияти ин иттиҳодия дароянд.

Вай гуфт, ҳатто шаш кишвари Ҳамкори Шарқӣ, яъне Молдоваву Украина, Беларусу Озарбойҷон ва Гурҷистону Арманистон бояд ҳар кадомаш дар алоҳидагӣ тасмим бигиранд, ки то чӣ андоза мехоҳанд бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамкории наздик дошта бошанд.

Аммо Ҷоҳаннес Ҳан ишора кард, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад ташаббуси раиси кунунии ин иттиҳодия аз Латвияро дастгирӣ кунад ва бо Қазоқистону Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна муносиботи хуб дошта бошад.

Аммо Жан Клод Юнкер-раиси нави Кумиссиюни Аврупо гуфт, ки то панҷ соли дигар ҳеҷ кишваре ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо пазируфта нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG