Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундравҳо 170 нафарро барои оташ задани парчам рабуданд


Тундравҳои Далати Исломӣ тақрибан 170 нафарро барои оташ задани парчами Давлати Исломӣ дар шимоли Ироқ рабудаанд. Як афсари нируҳои кашфи Ироқ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс 3 январ гуфт, ки ин афродро аз рустоҳои Шаҷара ва Ғариби вилояти Киркук рабудаанд, зеро парчами тундравҳоро дар ҳамин рустоҳо оташ задаанд.

Афсар гуфтааст, ки ин афродро бо 30 мошин ба шаҳраки ҳамҷавори Ҳавиҷа бурдаанд. Бори аввал нест, ки тундравҳои Давлати Исломӣ бо боздоштҳои дастаҷамъӣ дар маҳаллоти мухталиф рақобати мардумро мешикананд.

Моҳи сентябр низ дар Киркук баъд аз тахриби пояи парчам ва оташ задани парчам 50 нафарро боздошт карда буданд ва баъд аз як ҳафтаи дигар 20 нафари дигарро боздошт карданд ва гуфтанд, ки гӯё онҳо гурӯҳи муқовимат ташкил карда бошанд.

XS
SM
MD
LG