Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсиони байналмилалии футбол рӯйхати доварони ФИФА-ро барои соли 2015, ки ба он 12 довари тоҷик низ дохил аст, эълон кард.

Федератсиони байналмилалии футбол рӯйхати доварони ФИФА-ро барои соли 2015, ки ба он доварони тоҷик низ дохиланд, эълон кард.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон12 нафар шомиланд: 4 довари ФИФА, 6 ёвари довари ФИФА ва 2 довари ФИФА оид ба футзал. Ба рӯйхати сардоварон душанбегиҳо Аъзамҷон Бӯриев ваПарвиз Муртазоев, Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ ва НасруллоКабирови норакӣ дохил шудаанд.

Ёварони довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Сайёдҷон Зайниддинов, Хусрави Сиддиқзод (ҳарду аз Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак), Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён) мебошанд. Ба рӯйхати доварони ФИФА оид ба футзал барои соли 2015 Эркинҷон Мадибоевидушанбегӣ ва Абдумалик Ғаффорови хуҷандӣ ворид шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар рӯйхати имсола нисбат ба рӯйхати порсола панҷ нафар иваз шудаанд. Аъзамҷон Бӯриев (довари ФИФА), Хусрави Сиддиқзод (ёвари довари ФИФА), Рустамбек Хуҷаев (ёвари довари ФИФА), Эркинҷон Мадибоев (довари ФИФА оид ба футзал) ваА бдумалик Ғаффоров (довари ФИФА оид бафутзал) дар рӯйхати доварони ФИФА мутаносибан Равшан Ишматов, Дилшод Назипов, Ҳабибулло Нарзуллоев, Комил Қурбонов ва Рустам Нуровро иваз карданд.

Рӯйхати доварони байналмилалӣ аз Тоҷикистон барои соли 2015:

Доварони ФИФА:

Хуршед Дадобоев (Хуҷанд, соли таваллуд -1981) дар рӯйхатидоварони ФИФА аз соли 2006

Насрулло Кабиров (Норак, соли таваллуд -1985) – дар рӯйхати доварони ФИФА аз соли 2013

Парвиз Муртазоев (Душанбе, соли таваллуд -1988) – дар рӯйхати доварони ФИФА аз соли 2014

Аъзамҷон Бӯриев (Душанбе, соли таваллуд -1988) – аввалин бор

Ёварони довари ФИФА:

Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа, соли таваллуд -1974) – дар рӯйхати доварони ФИФА аз соли 2006

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе, соли таваллуд -1987) – дар рӯйхати доварони ФИФА аз соли 2013

Ҳасан Каримов (Норак, соли таваллуд -1986) – дар рӯйхати доварони ФИФА аз соли 2013

Акмал Бӯриев (Турсунзода, соли таваллуд -1985 ) – дар рӯйхати доварони ФИФА аз соли 2014

Хусрави Сиддиқзод (Душанбе, соли таваллуд -1991) – аввалин бор

Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён, соли таваллуд -1982) – аввалин бор

Доварони ФИФА оид ба футзал:

Эркинҷон Мадибоев (Душанбе, соли таваллуд -1986) – дар рӯйхати доварони ФИФА аз соли 2013

Абдумалик Ғаффоров (Хуҷанд, соли таваллуд -1989) – аввалин бор.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG