Пайвандҳои дастрасӣ

3 рӯҳонии суннӣ дар Ироқ террор шуданд


Ҳайдар Абадӣ, нахуствазири Ироқ

Ҳайдар Абадӣ, нахуствазири Ироқ

Ҳайдар Абадӣ-нахуствазири Ироқ дастур додааст, ки ба куштори 3 рӯҳонии суннӣ ва захмӣ шудани ду нафари дигар дар наздикии шаҳри Басра расидагӣ сурат бигирад. Абадӣ дастур дод, ки расидагӣ ҳар чӣ зудтар анҷом бигирад ва омилони ҳамла ба ҳабс гирифта шаванд.

Пулис мегӯяд, ки 1 январ аз дохили мошине афроди мусаллаҳ ба сӯи мошини рӯҳониён оташ кушодаанд. То ҳол ҳеҷ нируе масъулияти ин ҳамларо бар душ нагирифтааст. Як сарҳанги пулис мегӯяд, ки яке аз ин рӯҳониёни кушташуда аз сӯи тундравҳои Давлати Исломӣ ба марг таҳдид шуда будааст.

Аз сӯи дигар, яке аз рӯҳониёни Давлати Исломӣ бо номи Усмон Нозе ал Ассирӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳри Кубонии Сурия 2 январ кушта шуд. Амрико ва кишварҳои ҳампаймони он мегӯянд, ки 2 январ ба мавозеи нируҳои Давлати Исломӣ дар Сурия 23 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG