Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба маросими арӯсӣ 4 сарбозро муттаҳам медонанд


Мақомоти Афғонистон барои ҳамла аз хумпораандоз сарбозонро муттаҳам карданд. Дар ин ҳамла дар як маросими арусӣ дар вилояти Ҳилманд дастикам 27 нафар ба қатл расиданд. Дар миёни ононе, ки кушта шуданд, занону кӯдакон низ ҳастанд. 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Афроди маҷруҳро ба бемористони маркази вилоят ба Лашкаргоҳ интиқол доданд.

Муҳаммадҷон Расулёр-муовини волии вилоят мегӯяд, ки баъд аз ҳамлаи шӯришиён ба посгоҳи артиш сарбозон дар ҷавоб ба маҳали баргузории маросими арусӣ аз хумпораандоз оташ кушодаанд.

Умар Жвок-сухангӯи волии вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 4 сарбоз ва фармондеҳи онҳоро ба ҳабс гирифтаанд ва онҳо дар додгоҳи низомӣ мурофиа хоҳанд шуд.

Баъд аз ин ҳодиса дар манотиқи мухталифи вилоят даҳҳо нафар ба эътироз баромаданд.

XS
SM
MD
LG