Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маҳали суқути ҳавопаймо ду пораи бузург пайдо карданд


Дар минтақаи суқути ҳавопаймои А320-200 гурӯҳҳои наҷоти Индонезия ду пораи бузургеро пайдо кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд баъзе аз қисматҳои ин ҳавопаймо мебошад. Ин ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Борнео ба мусибат дучор шуд.

Дар ин бора Бамбанг Соэлисти-раиси Ожонси Индонезия дар умури ҷустуҷӯ ва наҷот изҳорот дод. Вай гуфт, ки ин пораҳои бузург дар 30 метрии зери об мушоҳида шудаанд.

Ба гуфтаи вай, то ҳол ҷасади 30 нафарро пайдо кардаанд. Барои ширкат дар амалиёти ҷустуҷӯ ба маҳали ҳодиса ду ҳавопаймои Русия ва ҳамчунин 50 нафар оббозҳои Русия ҳозир шудаанд.

Ин ҳавопаймо 28 декабр ҳангоми парвоз аз Индонезия ба Сингапур баъд аз 40 дақиқаи парвоз аз радарҳо нопадид шуд. Халабонон бори охир бо маркази идораи парвоз тамос гирифтанд ва хостанд, ки барои бехатарии парвоз дар ҳавои бад баландтар парвоз кунанд. Сипас ҳавопймо бо 162 нафар бедарак шуд.

XS
SM
MD
LG