Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид мекунад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Покистон тасмим гирифтааст, ки дар Қонуни Асосӣ тағироте ворид кунад, то бар асоси он додгоҳи вижаи низомӣ битавонад мурофиаҳои марбут ба терроризмро зудтар анҷом диҳад.

Первайз Рашид-вазири иттилоъот гуфт, ки Навоз Шариф-нахуствазири Покистон 2 январ бо раҳбарони сиёсиву низомӣ ҷаласаи тулонӣ анҷом дод. Дар ин ҷаласа ба тавофуқ расидаанд, ки пешнависи қонунеро роҷеъ ба тағирот дар Қонуни Асосӣ муаррифӣ кунанд ва ин пешнавис заминаи ворид каадани тағирот дар додгоҳи вижаи низомиро фароҳам меорад.

Рашид баъд аз ин ҷаласа ба хабарнигорон гуфт, додгоҳи вижа “ҳамаи террористонеро муҳокима мекунад, ки мардуми бегуноҳро дар кӯчаву хиёбонҳо ва дар бозорҳову мактабҳо ба қатл мерасонанд”. Вай гуфт, ки пешнависи тағирот дар Қонуни Асосӣ 3 январ барои тасвиб ба Маҷмаи Миллӣ ё порламони Покистон пешниҳод мешавад.

Баъд аз ҳамлаи маргталабонаи Толибон ба як мактаб ва куштори 150 нафар дар моҳи декабр Покистон қавл дод, ки мубориза бо террористҳоро тақвият мебахшад.

XS
SM
MD
LG