Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасадҳои 20 қурбонии дигарро пайдо карданд


Маъмурони наҷот ҷасадҳои 20 қурбонии дигари суқути ҳавопаймои "Эйр Эйжа"-ро аз дохили баҳр дуртар аз соҳилҳои Индонезия берун оварданд. Рӯзи 28-уми декабр, ҳавопаймои ин ширкат бо 162 мусофиру сарнишин сарнагун шуд ва то кунун марги 30 нафари онҳо таъйид шудааст. Ҳавопаймои Боинг, ки аз Сурабая, дуввумин шаҳри бузурги Индонезия ба Сингапур парвоз мекард, дар нимароҳ ба баҳр афтод. Маъмурони наҷот бо киштиҳои худ аз Индонезия, Малайзия, Сингапур ва Амрико айни замон ҷустӯҷуи қуттии сиёҳи ҳавопайморо идома медиҳанд, вале борони зиёд кори онҳоро мушкил кардааст. Сабаби суқути ҳавопаймо маълум нест, вале халабон пеш аз ин фоҷиа бо маркази идораи парвозҳо тамос гирифта ва гуфтааст, ки ба абрҳои ғафс ва хатарнок наздик мешавад. Ба ин ҳавопаймо иҷоза надодаанд, ки самти ҳаракаташро дигар кунад, зеро хати дигари парвоз дар он замон пур будааст.

XS
SM
MD
LG