Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони панҷ ноҳияи кишвар иваз шуданд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2-юми январ бо судури фармонҳои алоҳида, раҳбарони як қатор ноҳияҳои кишварро аз мақомашон озод намуда ва афроди дигарро ҷойгузини онҳо намудааст.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, тайи ин фармонҳо Бекназарзода Саъдулло, Абдураҳмонзода Саидумрон, Абдуллоев Убайдулло, Зарифӣ Пирмадхон ва Исмоилзода Маҳмадраҳим аз раҳбарии ноҳияҳои Қубодиён, Рашт, Хуросон ва Муъминобод озод карда шудаанд. Тайи фармонҳои дигари президент, Абдураҳмонзода Саидумро, ки дар мақоми раиси ноҳияи Рашт кор мекард, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Қубодиён таъйин шудааст. Ҳамчунин Абдуллоев Убадулло, ки дар мақоми раиси ноҳияи Хуросон кор мекард, раиси ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ, Сафарзода Раҳматулло, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Хуросон ва Амиршоев Тоҳирхон, раиси ноҳияи Мӯъминобод ва Лоиқов Қаноатшо, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъйин шудаанд.

XS
SM
MD
LG