Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон қарори Арабистони Саудиро "хато" хонд


Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, арзон шудани нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои Ховари Миёна зарар мерасонад ва тасмими Арабистони Саудӣ барои коҳиш надодани тавлиди нафт, як кори хатост. Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, муовини вазири умури хориҷии Эрон, дар мусоҳибае бо хабаргузории «Ройтерс», ки рӯзи 1-уми январ нашр шуд, гуфтааст, Эрон умедвор аст, ки Арабистони Саудӣ, бузургтарин фурӯшандаи нафт дар ҷаҳон барои хотима додан ба поинравии қимати нафт чора меандешад. Нархи нафт дар соли 2014 ба сатҳи панҷуним соли пеш поин омад ва аз моҳи июн то кунун 50 дар сад арзон шуд. ОПЕК, созмони кишварҳои аслии тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, дархости ду кишвари узв Эрон ва Венесуэла барои кам кардани тавлиди нафтро рад кард. Амир Абдуллоҳиён гуфтааст, ки Эрон масъалаи нархи нафтро бо Арабистони Саудӣ дар оянда баррасӣ мекунад, вале ҷузъиёте дар ин бора надод.

XS
SM
MD
LG