Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2014 барои Ироқ соли маргборе шудааст


Ҳукумати Ироқ гуфт, соли 2014 маргбортарин сол барои кишвар баъд аз соли 2007 будааст. Бар тибқи омори вазоратҳои тандурустӣ, умури дохилӣ ва дифоъ, соли 2014 дар Ироқ 15 538 нафар кушта шудаанд ва 22 ҳазор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар соли 2007, соли авҷи низоъ байни сунниву шиамазҳабон дар Ироқ 18 ҳазор нафар кушта шудаанд. Талафот дар соли 2014 назар ба соли 2012 ду баробар афзудааст, чун дар ин сол дар Ироқ 6522 нафар дар ҳамлаву даргириву бомбгузориҳо қурбон шудаанд. Як созмони ғайриҳукуматӣ бо номи “Талафот дар Ироқ”, ки дар Бритониё ҷой гирифтааст, мегӯяд, ки теъдоди кушташудагон дар Ироқ дар соли 2014 назар ба омори расмӣ бештар аст ва дар ин сол бештар аз 17 ҳазор аз мардуми осоишта ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG