Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҷиа дар Ҳилманд ба айби сарбозон рух додааст


Муовини раиси вилояти Ҳилманди Афғонистон мегӯяд, ҳамла бо минамёт ба як ҷашни арӯсӣ, ки 20 нафарро дар ин ҷашн кушт, бо айби сарбозони давлат рух додааст. Дар ин ҳамла дар рӯзи 31-уми декабр аз ҷумла 17 зану кӯдак ҷон доданд ва 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Муҳаммадҷон Расулёр, муовини раиси вилояти Ҳилманд гуфт, “сарбозони давлат баъди ба посгоҳашон ҳамла кардани ҷангҷӯён дар ҳамин минтақа, аз минамёт оташ кушодаанд.” Ӯ рӯзи 2-уми январ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки дар ин робита чаҳор сарбоз аз ҷумла як фармондеҳашон боздошт шудаанд ва бояд дар додгоҳи низомӣ ҷавоб гӯянд. Рӯзи якуми январ даҳҳо нафар дар Ҳилманд алайҳи ин ҳамла эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG