Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Бонки миллӣ» барандаи Ҷоми олии футзали Тоҷикистон гардид


Дастаи «Бонки миллӣ»-и Душанбе барандаи Ҷоми олии футзали Тоҷикистон гардид.

Дастаи «Бонки миллӣ»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Динамо”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 10-3 пирӯз шуд, барандаи Ҷоми олии футзали Тоҷикистон гардид. Бозии ниҳоӣ миёни “Бонки миллӣ”, қаҳрамони феълии силсилаи “А” ва “Динамо”, барандаи Ҷоми миллӣ, дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 2-юми январ хабар доданд.

Дар ин бозӣ Шерзод Ҷумъаев, ҳамлагари “Бонки миллӣ, ки ба дарвозаи “Динамо” чаҳор гол зад, беҳтарин бозигари ин қувваозмоии ҳалкунанда дониста шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, Комрон Шодиев, раиси кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми олиро ба Ҷамшед Саломов, капитани дастаи “Бонки миллӣ”, супурд.

Ҷоми олии футзали Тоҷикистон

«Бонки миллӣ» – «Динамо» – 10-3

Голҳо: Саҳбон Назаров, 5 (1:0). Шерзод Ҷумъаев, 6 (2:0). Шерзод Ҷумъаев, 10 (3:0). Шерзод Ҷумъаев, 28 (4:0). Акбар Муҳаммадов, 29 (5:0). Ҷамшед Саломов, 31 (6:0). Шерзод Ҷумъаев, 33 (7:0). Мансур Мамедбобоев, 35 (8:0). Беҳрӯз Абдуалимов, 36 (9:0). Рамазон Раҳимзода, 38 (9:1). Фирӯз Асроров, 44 (9:2). Парвиз Толибов, 49 (9:3). Мансур Мамедбобоев, 50 (10:3).

Доварон: Беҳрӯз Муртазоев, Хусрави Сиддиқзод (ҳарду аз Душанбе).

XS
SM
MD
LG