Пайвандҳои дастрасӣ

"Дигар ишқ"-и Гулрухсор дар "Китоб-2014" беҳтарин шуд


Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсори Сафӣ барои китоби "Дигар ишқ" барандаи озмуни вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Озмуни ҷумҳуриявии китоб-2014» эълон шуд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 31 декабр ин озмунро ҷамъбаст намуд ва дар баробари Гулрухсор, инчунин шоирон Низом Қосим ва Фарзонаро ба ҷоизаҳо сарфароз гардонд. Дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз 2 январ гуфт, ду рӯз қабл натиҷаи озмуни "Китоб 2014”- ро натиҷагирӣ намуданд ва бар асоси низомномаи он, китоби «Дигар ишқ»-и Гулрухсор барандаи ҷоизаи аввал диплом ва маблағи пулии 1200 сомонӣ шуд. Дар ин озмун китоби “Девон”-и шоираи шинохта Фарзона низ бо дипломи вазорати фарҳанг қадрдонӣ шуд шудааст. Нависандаи маъруф Кароматуллои Мирзо барои китоби «Зиндагӣ ҳам нафасе» ва китоби шоири шинохта Низом Қосим «Хомасузан» низ барандаи дипломи вазорати фарҳанг шуданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Аламхон Кӯчаров, устоди Донишгоҳи миллиро барои барои «Муҳаққиқи соҳибмактаб» бо дипломи вазорат мушарраф намудааст. Дар доираи ин озмун, нависанда Латофат Кенҷаева барои китобҳои бачагонаи «Қофиябозӣ», «Мӯрчаяки баднафс», «Наврӯз», «Алифбои худомӯз», «Баднафсак» бо дипломи вазорат ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG