Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои AirAsia, ки шаш рӯз қабл дар масири Индонезия ба Сингапур нопадид шуда буд, идома дорад ва то кунун 9 нафар аз мусофирони он аз баҳр берун оварда шудаанд.

Амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои AirAsia, ки дар шаш рӯзи пеш нопадид шуда буд, бинобар вазъи бади ҳаво, ба кундӣ пеш меравад. Рӯзи панҷшанбе мақомҳои Индонезия гуфтанд, ки дар маҷмӯъ 16 ҷасадро пайдо кардаанд.

Рӯзномаи The Jakarta Post ба нақл аз раиси Маркази миллии ҷустуҷӯ ва кӯмаки Индонезия мегӯяд, то субҳи ҷумъа маҷмӯан шумораи ҷасадҳои пайдошуда ба 16 нафар расид ва ҷасадҳо ба Сурабая (маҳали ибтидоии парвоз) фиристода шуданд.

Ба гуфтаи ин мақоми индонезӣ, 19 киштӣ, аз ҷумла киштиҳои кишварҳои хориҷӣ монанди Малайзия, Сингопур ва 9 ҳавопаймо дар амалиёти ҷустуҷӯ ширкат доранд. Тими муштараки амалиётӣ аз фановариҳои пешрафта, ки аз тарафи Сингапур дар ихтиёри ҷустуҷӯгарон гузошта шудааст, барои ҷустуҷӯи қаъри баҳр барои пайдо кардани боқимондаҳои ҳавопаймо истифода мекунанд.

Ба навиштаи расонаҳо, киштиҳо ҳамчунон дар талош барои пайдо кардани маҳалле ҳастанд, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад. Бо ин ҳама, Маркази миллии ҷустуҷӯ ва кӯмаки Индонезия мегӯяд, ки ҳавои бад, ки ҷустуҷӯро дар рӯзҳои гузашта мушкил карда буд, ҳамчунон нигаронии асосӣ ба шумор меравад. Пешбинӣ мешавад, ки бориши борон, мавҷхезӣ ва вазиши бод то рӯзи шанбе идома кунад.

Аз сӯи дигар, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Малайзия Абдулазиз Ҷаъфар дар Твиттери худ мегӯяд, ки макони наве дар амалиёти ҷустуҷӯи чуқурии дарё барои пайдо кардани ҳавопаймо мушаххас шудааст. Раиси Маркази ҷустуҷӯ ва кӯмаки Индонезия ҳам гуфтааст, ҳавопаймои суқуткарда эҳтимолан дар 25 то 30 метрии қаъри баҳр қарор дорад.

Ҳавопаймои Airbus 320, ки бо 162 сарнишин аз шаҳри Сурабайи Индонезӣ ба Сингапур парвоз мекард, субҳи якшанбеи 28 декабр аз радарҳо ғайб зад. AirAsia як ширкати ироакунандаи парвозҳои арзони хусусӣ дар Малайзия аст ва дар 100 масир ба 22 кишвари олам парвозҳо анҷом медиҳад.

Бори саввум дар соли 2014 ҳавопаймоҳои Малайзия нопадид ё ва ба садама дучор шуданд. Рӯзи 8 март ҳавопаймои ширкати Malaysia Airlines, ки бо 239 мусофиру сарнишин аз Куала-Лумпур ва Пекин парвоз мекард, ғайб зад. 17 июл дар шарқи Украина ҳавопаймои Боинг 777-и ҳамин ширкат суқут кард. Дар ин фоҷиа 289 сарнишину мусофир, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекарданд, ҷон бохтанд. Украина ва кишварҳои ғарбӣ дар ин ҳодиса ҷудоихоҳони рустаборро айбдор мекунанд. Аммо Русия дар суқути Боинг-777 низомиёни украиниро муттаҳам мехонад.

XS
SM
MD
LG