Пайвандҳои дастрасӣ

Коммунистҳои Суғд раҳбари нав интихоб карданд


Коммунистҳои Суғд котиби якуми ҳизбии худ дар вилоятро пас аз анҷумани ҷанҷолии Душанбе интихоб карданд ва муовини дуввуми котиби ҳизби вилоят Мубинҷон Маҳмудов ба ҷои Ҷаббор Ахмедов ҳамчун раиси бахши вилоятии ҳизб интихоб шуд. Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси пешини ҳизб Ҷаббор Ахмедов худсарона худро дар ҷои котиби ҳизбии пешин Абдуалӣ Маҳкамов ҳамчун раис эълон карда, вале тайи ин чанд муддат ҳеҷ кори назаррасе барои ҳизб накардааст. Ба гуфтаи оқои Талбаков, ба ҳамин далел, ӯ аз ин масъулият барканор карда шуд ва ба ҷояш Мубинҷон Маҳмудов раис бахши вилоятии ҳизб интихоб карда шуд. Мубинҷон Маҳмудов собиқадори ҳизб буда, дар руйхати ҳизбӣ низ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст. Вай то ин муддат котиби дуввуми бахши вилоятии коммунистҳо буд. Ҷаббор Аҳмадов, раиси бахши ҲКТ дар вилояти Суғд рӯзи 27 декабр дар анҷумани ҳизб зимни пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ, ба номзадии Исмоил Талбаков дар мақоми дувуми феҳрист эътироз кард ва пешниҳод намуд, ки дар ҷойи дуввум фаъоли ҳизбӣ аз вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева қарор бигирад, зеро ба гуфтаи ӯ, ҲКТ дар Суғд зиёда аз 17 ҳазор узв дорад ва дар се интихоботи ахир ғолиб омадаанд. Аммо ин пешшниҳод аз тарафи раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов радд шуд ва Исмоил Талбаков ҳамчун чеҳраи фаъол ва номзади шоиста дар мақоми дуввуми феҳрасти ҳизбӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG