Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лукашенко: "Мо обутобёфтаем ва ба "авбошӣ"-ҳо омодаем!"


Александр Лукашенко ду рӯз қабл аз оғози фаъолияти Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё Русияро бо лаҳни тунд дар «авбошӣ» ҳангоми рақобат дар бозор айбдор намуд.

Раисиҷумҳури Белорус дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Минск бо ироаи баъзе ҷузъиёти мулоқоташ бо Владимир Путин дар робита ба маҳдудсозии вуруди маводи озуқаи Белорус ба Русия гуфт, ки ин гуна монеъагузориҳову қонуншиканиҳо дар оянда ҳам рӯй хоҳанд дод, зеро ширкатҳои Русия тавлидгарони белорусро рақибҳои хатарноки худ меҳисобанд. Александр Лукашенко гуфт, “онҳо (русҳо) бо мо на аз рӯи сифат, на аз рӯи қимат ва на аз рӯи муташаккилӣ рақобат карда наметавонанд. Аз ин рӯ аз чораҳои маъмурӣ ва ҳатто методҳои авбошона кор мегиранд. Мо ба ин омодаем. Мо одамони обутобёфтаем!»

Сарвари Белорус эълом дошт, ки дар ин вазъият Минск маҷбур аст, сифати маҳсулоти худро баланд бардорад ва бозорҳои навро ҷустуҷӯ кунад, зеро «наметавон пойбанди як ё якуним бозор шуд». «Бале, Русия – бародарону дӯстони моянд, аммо мебинед онҳо чӣ корҳое мекунанд – якеяш коре мекунад, ки дигарӣ дар борааш ҳатто хабар надорад», гуфт Александр Лукашенко.

Бар пояи хабарҳо, ба зудӣ шояд Эрон - бозори нав барои тавлидоти Белорус шавад. Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини раисиҷумҳури Эрон, баъд аз анҷоми сафари вазири умури хориҷии Белорус Владимир Макей ба Теҳрон изҳор намуд, ки ду кишвар дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ ба созиш расиданд.

Як моҳ пеш муассисаи давлатии “Росселхознадзор”-и Русия воридоти тавлидоти ширии Белорусро маҳдуд ва содироти гӯшт аз ин кишвари ҳамсояро манъ кард. Аз ин пеш вуруди тавлидоти корхонаи гӯшти шаҳри Минск ба Русия манъ шуда буд. Масъулини “Росселхознадзор” эълом доштанд, ки дар ҳасиби ин корхона геноми вабои африқоии хук ошкор шудааст. Мақомоти Минск мегӯянд, ки Маскав чандин бор бо баҳонаҳои гуногун вуруди тавлидоти корхонаҳои Белорусро манъ ё мутаваққиф карда буд.

Изҳороти нави Александр Лукашенко дар ҳоле садо дод, ки баъд аз ду рӯз се кишвари узви Иттиҳодияи гумрукӣ – Русия, Белорус ва Қазоқистон дар ниҳоди нав - Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фаъолият хоҳанд кард.

Магбат Спанов

Магбат Спанов

Магбат Спанов, иқтисодшиноси қазоқ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки низоъҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё зиёд рӯй хоҳанд дод: Ба гуфтаи ӯ, "маълум аст, ки ҳатто схемаи беҳтарин наметавонад аз рӯзи аввал ба таври дилхоҳ татбиқ шавад. Ва аз ин рӯ, миёни кишварҳо ихтилофи назарҳо рӯй медиҳанд. Аввалин ихтилофи назар замоне рӯй дод, ки Русия дар посух ба таҳримҳои Ғарб алайҳи кишварҳои аврупоӣ таҳримҳо ҷорӣ кард ва аммо мавқеяшро бо шариконаш – Қазоқистону Белорус ҳамоҳанг накард ва ин боиси нофаҳмиву нобовариву ихтилоф шуд. Аммо аз нигоҳи ман, баъд аз якуним-ду сол вазъ ба эътидол меояд ва назорати байниҳамдигариву ҳамоҳангсозии мавқеъҳо танзим хоҳад шуд. Ҳама гуна ибтикори нав бо мушкилоти алоҳида шурӯъ мешавад ва аммо дар ҷараёни кор, агар ҷонибҳо иродаи сиёсӣ дошта бошанд, ин мушкилот аз байн мераванд".

Коршиносон мегӯянд, бори аввал нест, ки Минск ё Остона аз баъзе бархӯрду амалҳои мақомоти Русия изҳори нороҳатӣ мекунанд. Аввалҳои моҳ Қазоқистон дар посух ба баъзе маҳдудиятҳо аз сӯи Маскав фурӯши арақи русиро дар қаламрави кишвар барои чанд рӯз манъ кард ва як муддат интиқоли нерӯи барқ ба вилоятҳои марзии Русияро қатъ намуд. Дар Остона ташреҳ карданд, ки қурби рубли русӣ дар баробари танга, пули милли Қазоқистон, коҳиш меёбад ва фурӯши нерӯи барқ ба зарари ширкатҳои қазоқӣ анҷом мешавад. Ширкати қазоқии “Самрокэнерго” ба вилоятҳои Омск, Новосибирск, Челябинск ва Қурғони Русия нерӯи барқ интиқол медод.

Аз ин пеш Маскаву Остона баъд аз як изҳороти Владимир Путин барои чанд муддат “қаҳрӣ” шуданд. Сарвари Русия, рӯзи 29 август дар форуми ҷавонон дар Селигер гуфта буд, Қазоқистон дар қаламраве ташкил шудааст, ки он ҷо ҳеҷ гоҳ давлат мавҷуд набуд. Ба иттилои радиои “Эхо
Москвы", баъд аз ин изҳороти Путин сокинони Қазоқистон аз такрори ҳаводиси Украина нигарон шуда, дар посух амалиётеро зери унвони “Ба Путин китоби таърихро бифирист!”-ро роҳандозӣ карданд. Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон,бошад, таҳдид кард, ки шояд кишвараш аз ҳайати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё берун шавад. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Хабар” дар Остона гуфт, “агар бархе аз қоидаҳои дар созиш муқарраршуда иҷро нашаванд, Қазоқистон ҳаққ дорад, ки аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даст кашад. Остона ҳеҷ гоҳ дар созмоне нахоҳад монд, ки он ба истиқлоли Қазоқистон таҳдид мекунад”.

Алексей Малашенко

Алексей Малашенко

Қарор аст, ки соли 2015 Арманистон ва баъд аз он Қирғизистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОситё шомил шаванд. Дар бораи эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба ин ниҳод ҳанӯз чизе гуфта намешавад, аммо бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик мутмаинанд, ки вуруд ба ин созмон ба нафъи Тоҷикистон назхоҳад буд. Алексей Малашенко, масъули барномаҳои Маркази Каргеӣ дар Масква ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт солҳои ахир кишварҳои пасошӯравӣ дар мавриди вуруд ба созмонҳое чун Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дудилаанд, зеро ин барои Тоҷикистону Қирғизистон ҳам маънои «падруд гуфтан бо як бахши истиқлоли худро дорад». Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сиёсатшинос, "узвияти ин гуна кишварҳои фақир барои Русия ҳам, ки аллакай зери бори гарони пардохти баҳои садоқати Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва Қриму ҷудоиталабони шарқи Украина ба Маскав мондааст, миёншикан хоҳад буд”.

Дар ҳамин ҳол Магбат Спанов баъд аз як сол, яъне аввалҳои соли 2016 ба узвияти Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё шомил шудани Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди талошҳои Маскав вуруди Узбакистон ба ин ниҳод дар ду-се соли оянда ғайримумкин ба чашм мерасад, зеро ҳукумати феълии Тошканд аз сиёсати ғарбгароёна кор гирифтааст ва тағйире дар ин сиёсат шояд баъд аз сари Ислом Каримов ба амал биёяд.

XS
SM
MD
LG