Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд ҷасад аз ҳавопаймои ғайбзадаи AirAsia пайдо шуд


Наҷотбахшон аз Индонезия рӯзи сешанбе, 30 декабр, дар бораи пайдо кардани ҷасадҳои чанд тан аз мусофирони ҳавопаймои ғайбзадаи AirAsia хабар доданд. Ҷасадҳо ба як киштии низомӣ интиқол ёфтанд.

Ҳавопаймои Airbus 320, ки аз шаҳри Сурабайи Индонезӣ ба Сингапур парвоз мекард, субҳи якшанбе аз радарҳо ғайб зад.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳавопаймо 162 мусофир ва сарнишин ҳузур доштанд. Индонезия ва Сингапур ба таври оҷил ба ҷустуҷӯи муштараки ҳавопаймои ғайбзада шурӯъ карданд ва рӯзи душанбе дар уқёнус нишонаҳое аз он пайдо намуданд.

AirAsia як ширкати ироакунандаи парвозҳои арзони хусусӣ дар Малайзия аст ва дар 100 масир ба 22 кишвари олам парвозҳо анҷом медиҳад. Раҳбарони AirAsia рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки ин нахустин фоҷиа бо ҳавопаймои онҳо аз рӯи таъсиси ширкат аст.

XS
SM
MD
LG