Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сӯхтор дар Norman Atlantic даҳ нафар ҷон бохтаанд


Бар асари сӯхтор дар киштии мусофирбари итолёвии Norman Atlantic дар баҳри Адриатика дасти кам даҳ нафар ба ҳалокат расида, тақрибан чиҳил каси дигар ба рӯйхати ғайбзадагон шомиланд. Сӯхтор рӯзи 28 декабр дар наздикиҳои ҷазираи Корфу дар киштии итолиёвие сар зад, ки аз бандари Патраси Юнон сӯи шаҳри Анкона ҳаракат мекард.

Мақомоти Италия хабар доданд, ки ҳама мусофирон аз киштӣ бепрун карда шуданд. Ба гуфтаи вазири нақлиёти Италия Мауритсио Лупӣ, 427 нафар тавассути чархболҳо ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Бар пояи иттилои ахир, дар киштӣ 422 мусофир ва 56 узви экипаж ҳузур доштанд.

Амалиёти наҷотбахширо вазъи номусоиди ҳаво ба мушкил мувоҷеҳ карда буд. Norman Atlantic ҳоло дар соҳилҳои Албания қарор дорад.

XS
SM
MD
LG