Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина акнун метавонад ба паймони НАТО бипайвандад


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина дар қонуне имзо гузошт, ки тибқи он акнун Украина кишвари ғайримуттааҳид нахоҳад буд ва ҳақ дорад, ки барои узвият дар паймони НАТО омодагӣ бигирад. Ин кор танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки агар меъёрҳои низомии Украина ба меъёрҳои Ғарб мутобиқат кунад.

Порошенко пешгӯӣ кардааст, ки ин кор баъд аз 5-6 сол имконпазир мешавад. Вай 29 декабр дар нишасти хабарии натиҷагириҳои сол дар Киев дар қонун имзо гузошт. Вай гуфт: “Ман фикр мекунам, вақте ки Украина ба меъёрҳои зарурӣ мутобиқ хоҳад шуд ва он баъд аз 5-6 сол дар чаҳорчӯбаи стротегии соли 2020 фаро хоҳад расид, дар он сурат Украина тасмим хоҳад гирифт, ки ба НАТОбипайвандад ё хайр”.

Порошенко гуфт, ки дар ин бора райпурсӣ анҷом хоҳад гирифт. Қонуни нави имзошуда қонуни соли 2010-ро, ки пайвастани Украина ба паймонҳои низомиро мамнуъ мекард, бекор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG