Пайвандҳои дастрасӣ

Оржак: Бозгашти муҳоҷирон ба рубли русӣ иртибот надорад


Бозгашти шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ аз Русия ба ватанашон бо ҷашни Соли Нави милодӣ иртибот дорад. Дар ин бора Мерген Оржак-узви Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия роҷеъ ба сиёсати иҷтимоӣ ба матбуот изҳори назар кардааст.

Вай ҳангоми додани тавзеҳот дар бораи 25 дарсад коҳиш ёфтани шамораи муҳоҷирони корӣ дар моҳи декабр ин суханонро ба забон овардааст.

Вай гуфтааст, ки бозгашти муҳоҷирони корӣ бо коҳиши арзиши рубли русӣ иртибот надорад ва бо хатми маросимҳои Соли Нав онҳо дубора ба Русия бармегарданд.

а ақидаи Мерген Оржак, бояд дар поёни семоҳаи аввали соли 2015 роҷеъ ба равандҳои бозори кории муҳоҷирони хориҷӣ изҳори назар кард.

Вале Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳафтаи гузашта эътироф кард, ки шумораи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар соли 2015 то андозае коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG