Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав сегоник таваллуд кард


Нигина Зоитова-шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз зоишгоҳҳои шаҳри Маскав се кӯдак ба дунё овардааст. Дар ин бора нашрияи “Тоҷикони Русия” дар Маскав хабар додааст. Зоитова дар Тоҷикистон корманди бахши ҳисоботи байналмиллалии яке аз корхонаҳост. Ба гуфтаи ин манбаъ, саломатии се кӯдаки навзод Аман, Бежан, Лейла ва модари онҳо хуб аст.

Пизишкони Тоҷикистон дар остонаи таваллуд пешниҳод кардаанд, ки барои таваллуди сегоникҳо Нигинаро ба Маскав баранд. Ба гуфтаи Ҳусейн-падари навзодон, ҳоло ҳар се фарзанди навзоди онҳо таҳти назари мутахассисон-педиаторҳои соҳибтаҷрибаи шаҳри Москва қарор доранд ва вазъи саломатияшон хуб арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG