Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Индонезия мегӯяд, ҳавопаймои суқуткарда дар қаъри баҳр аст


Бамбанг Соелистио -раиси Ожонси миллии ҷустуҷӯ ва наҷоти Индонезия 29 декабр гуфт, ба бовари вай, ҳавопаймои нопадидшудаи AirAsia-и ин кишвар ба баҳр афтодааст.

Соелистио дар нишасти хабарӣ гуфт, “бо такя ба маълумоте, ки ба мо додаанд ва аз омӯзиши маҳали суқут тахмин задан мумкин аст, ки ин ҳавопаймо дар қаъри баҳр аст”. Ҳавопаймои 320-200 бо 162 мусофир ҳангоми парвоз аз Индонезия ба Сингапур субҳи рӯзи 28 декабр нопадид ва иртибот бо он қатъ шуд.

Дар охирин иртиботи худ халабонон ба маркази идораи парвоз гуфтааанд, ки иртифоъ ё баландии парвозро бештар хоҳанд кард, то аз ҳавои бад осеб набинанд. Киштиҳову ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар маҳали суқути ҳавопаймо дар Баҳри Ҷава 29 декабр баъд аз баромадани офтоб ҷустуҷӯро аз сар гирифтанд.

Соелистио гуфт, ки Индонезия барои ҷустуҷӯи зери баҳр таҷҳизоти зарурӣ дар ихтиёр надорад ва аз кишварҳои дигар хост, ки ба ин кор кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG