Пайвандҳои дастрасӣ

Украина будҷаи наҷоти молиро ба тасвиб расонд


Намояндагони порламони Украина будҷаи наҷоти молии ин кишварро барои соли 2015 дар иҷлоси субҳонаи 29 декабр ба тасвиб расонданд. Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина гуфт, ки ин барнома “чандон такмилшуда набуд” ва он зери фишори Сандуқи Байналмиллалии Пул ба тасвиб расид, то ин муассисаи молии ҷаҳон 17 миллиард доллари навбатиро барои Украина ихтисос диҳад.

Ятсенюк ба намояндагони порламон гуфт, ки шояд баъд аз музокира бо ниҳодҳои молии ҷаҳон тафтишу баррасӣ ё ревизия амри зарурӣ бошад.

Касри будҷаи ба тасвибрасида ё камбуди он 4 миллиард долларро ташкил медиҳад. Масорифи низомии будҷа 5,7 миллиард долларро ташкил медиҳад ва 8 дарсад афзоиш ёфтааст.

Масорифи иҷтимоӣ 1 миллиард доллар камтар шудааст. Аз ҷумла, бастани 400 мактаб дар манотиқи дурафтода ва барканор кардани 100 000 омӯзгор дар ду соли оянда дар назар гирифта шудааст.

Ятсенюк изҳор дошт, ки соли 2015 барои таъмини суботи иқтисодӣ соли хеле душвор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG