Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти раҳбари собиқи ТВ "Пойтахт"


Раҳмон Остон, хабарнигор ва адиби тоҷик, рӯзи 27 декабр дар синни 61 бар асари хунрезии мағзӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи Раҳмон Остонро рӯзи якшанбе дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд. Раҳмон Остон 15 июли соли 1953 ба дунё омадааст. Ӯ аз замони таъсиси телевизиони “Пойтахт” дар соли 1996 то соли 2012, дар тӯли 16 сол раҳбарии ин шабакаи телевизионии шаҳрдории Душанберо бар ӯҳда дошт. Баъди тарки ин мақом ба ҳайси корманди илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Фарҳангистони улум кор мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG