Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, футболбози маъруф, гардид.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ футболбози дастаҳои “Помир” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва “Ирригатор” (Душанбе) гардид. Ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар шаҳри Душанбе барои бори 23-юм сурат гирифт, рӯзи якшанбеи 28-уми декабр хотима ёфт.

Бозиҳо дар толори варзишии Оҷонсии «Тоҷикгосстандарт» тӯли ду ҳафта идома карданд. Дар мусобиқа барои ҷоизаи аслӣ, ки 16 даста ширкат дошт, “Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ бар “Газпром” бо ҳисоби бузурги 10-5 пирӯз шуд. Дар ҳайати “Истиқлол” шогирдони футболи тоҷик, ки дар бошгоҳҳои Русия бозӣ мекунанд, ба мисли Фарҳод Восиев, Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов ва Сӯҳроб Ҷалилов бозӣ карданд.

Дар бозии ниҳоӣ Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари ҳайати эҳтиётии «Рубин» (Қазон) чаҳор гол, Парвизҷон Умарбоев, бозигари дастаи лигаи аввали Русия - «Химик» (Дзержинск) се гол, Фарҳод Восиев, ҳимоятгари “Газовик” (Оренбург) ду гол ва Манучеҳр Ҷалилов, бозигари тими дивизиони дувуми Русия - «Нефтехимик» (Нижнекамск) як гол заданд. Дастаи “Бонки миллӣ” барои ҷойи севум бар тими «Амонатбонк» бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуд.

Дар сабқати собиқадорон тими дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо сарварии вазир Рамазон Раҳимзода, ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Академияи футболи «Истиқлол» бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад, мақоми аввалро касб кард. Дастаи собиқадорони «Ирригатор» барои ҷойи севум тими «Авиатор»-ро бо ҳисоби 8:4 шикаст дод.

Ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, инчунин, беҳтарин бозигарони мусобиқа бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гаштанд. Ҷоизаи аслӣ – Ҷоми Александр Кирсанов - ба Фарҳод Восиев, капитани “Истиқлол”, супурда шуд.

XS
SM
MD
LG