Пайвандҳои дастрасӣ

Дар соҳилҳои Юнон як киштии мусофирбари итолиёвӣ оташ гирифт


Ниҳодҳои наҷотбахшии Юнон ва Италия даҳҳо мусофирони як киштии мусофирбари оташгирифтаро ба дигар киштиҳо интиқол доданд. Ба иттилои расмӣ, сӯхтор рӯзи 28 декабр дар наздикиҳои ҷазираи Корфу дар киштии итолиёвие сар зад, ки аз бандари Патраси Юнон сӯи шаҳри Анкона ҳаракат мекард. Дар киштӣ 466 мусофир ҳузур доштанд.

Телевизиони Юнон аз қавли яке аз шоҳидон гуфт, аз ҳарорати баланди оташ пошнаи пойафзоли мусофирон об мешуд.

Шамоли сахт ба кори наҷотбахшон халал мерасонад. Дар бораи қурбониён ё осебдидагон дар ин ҳодиса то ҳол иттилое нарасидааст.

XS
SM
MD
LG