Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фишори додситонҳои озарӣ болои кормандони Радиои Озодӣ дар Боку


Кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Боку гуфтанд, ки онҳо мавриди фишори кормандони додситонӣ қарор гирифтаанд. Раиси бахши озарии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Кенон Алиев рӯзи 27 декабр гуфт, даҳҳо кормандони дафтари радио ва хабарнигороне, ки бо ин дафтар ҳамкорӣ мекунанд, барои пурсуҷӯ ба додситонӣ даъват шудаанд. Хабарнигорон талаб доранд, ки ба онҳо барои ҳузури вакилони дифоъ дар ин пурсуҷӯҳо имкон дода шавад.

Аз ин пеш созмони “Гузоришгарони бидуни марз” бастани дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бокуро талоши “аз байн бурдани дигарандешаӣ дар расонаҳои Озарбойҷон” арзёбӣ кард. Йохан Бир, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмони мустақар дар Порис, рӯзи 27 декабр изҳор намуд, ки ҳукумати Озарбойҷон ботадриҷ ҳама расонаҳои хабарии мустақилро саркӯб месозад.

Дасти кам 10 корманди додситонӣ ҳамроҳ бо маъмурони мусаллаҳи пулис рӯзи 26 декабр ба дафтари Радиои Озодӣ дар Боку ворид шуда, компютерҳоро мусодира карданд ва аз корманрдон хостанд, ки биноро тарк намоянд.

Айни ҳол дар Озарбойҷон 15 хабарнигору блогнависи мустақил дар маҳбасанд. Се ҳафта пеш Хадиҷа Исмоилова, як корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро бо иттиҳоми ташвиқи ҳамкори собиқаш ба худкушӣ барои ду моҳ боздошт карданд.

Дар “Шохиси озодии матбуот дар соли 2014”, ки ахиран “Гузоришгарони бидуни марз” нашр кард, Озарбойҷон миёни 180 кишвар дар мақоми 160-ум ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG