Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон ҳукми ҳабси раҳбари Масҷиди Сурхро содир кард


Мавлоно Абдул Азиз
Мавлоно Абдул Азиз

Додгоҳе дар Покистон рӯзи 27 декабр ҳукми ҳабси як рӯҳонии узви раёсати "Таҳрики Толибон”-ро содир намуд. Полиси шаҳри Исломобод хабар дод, ки аз додгоҳ дастури боздошти Мавлоно Абдул Азиз, раҳбари Масҷиди Сурхи пойтахтро гирифтааст.

Мавлоно Абдул Азиз дар он айбдор мешавад, ки ба фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ таҳдиди куштан кардааст. Ин фаъолон дар назди Масҷиди Сурх ҷамъ омада, алайҳи пуштибонии Мавлоно Абдул Азиз аз ҳамлаи толибон ба мактабе дар шаҳри Пешовар эътироз карда буданд. Дар он ҳамла, ки рӯзи 16 декабр сурат гирифт, 132 шогирд ва 9 омӯзгору кормандони мактаб кушта шуданд. Рӯҳонии маъруф ҳамларо маҳкум накард ва баръакс гуфт, ки он вокуниш ба амалҳои «ғайриисломи»-и артиш дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ буд.

Ҷонибдорони Мавлоно Абдул Азиз гуфтанд, ки масҷид ба ҳама гуна талоши ҳабси рӯҳонии маъруф муқовимати шадид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG