Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян Амрикоро дар қатъи дастрасӣ ба интернет айбдор кард


Эълони филми "Мусоҳиба"
Эълони филми "Мусоҳиба"

Кореяи Шимолӣ бори дигар Амрикоро дар қатъи дастрасӣ ба интернет дар кишвар айбдор кард. Ин дафъа иттиҳом рӯзи 27 декабр аз сӯи Комиссиюни миллии мудофиаи кишвар садо дод. Дар Кореяи Шимолӣ интернет хело заъиф аст ва ба болои ин бар асари ҳамлаи ҳакерҳо сокинони кишвар ба мушкили дастрасӣ ба сомонаҳо мувоҷеҳ шуданд.

Аз ин пеш ширкати амрикоии Sony Pictures, ки масъули таҳияи филми “Мусоҳиба” аст, мавриди ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифта буд ва масъулин дар ҳамла Пхенянро айбдор карданд. Ҳамла қабл аз нахустнамоиши “Мусоҳиба”сурат гирифт – ин филм дар бораи талоши куштори раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин аз сӯи Хадамоти марказии кашфи ИМА тавассути ду хабарнигори амрикоист.

Дар изҳороти Комиссиюни миллии мудофиаи Кореяи Шимолӣ ҳамчунин таҳқири нажодӣ ҷой дорад – муаллифон раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро барои пуштибонияш аз намоиши филми “Мусоҳиба” “маймуне аз ҷангали тропикӣ” номидаанд.

XS
SM
MD
LG