Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҷудоихоҳону Киев баргузор намешавад


Мақомоти Ҷумҳурии Белорус гуфтанд, ки даври дигари музокирот байни ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия баргузор намешавад. Қарор буд, рӯзи 26-уми декабр, намояндагони ду тараф ва мақомоти Русия ва нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Минск гуфтӯгу кунанд. Ҳукумати Украина умедвор буд, ки дар ин нишаст масъалаи имзои созиши ниҳоӣ дар бораи сулҳ ва хотима додан ба муноқиша дар шарқи кишвар ҳал мешавад. Даври пешинаи гуфтӯгуҳо дар рӯзи 24-уми декабр бо пешрафти андаке хотима ёфт ва ду тараф дар мавриди табдили асирони ҷангӣ ба мувофиқа расиданд. Хадамоти Амниятии Украина гуфт, қарор аст 225 размандаи ҷудоихоҳонро бо 125 сарбози асир иваз кунанд. Сухангӯи ҷудоихоҳон гуфтааст, ки мумкин аст, табодули асирон рӯзи 30-уми декабр сурат бигирад, вале Хадамоти Амниятии Украина ин гуфтаро тасдиқ накардааст.

XS
SM
MD
LG