Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоихоҳону ҳукумати Киев ба мувофиқа расиданд


Ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар масъалаи табодули ҳамаи асирон ба мувофиқа расиданд. Ин созиш дар гуфтугӯи ду тараф дар шаҳри Мински Белорус рӯзи 24-уми декабр ҳосил шуд. Ҳадаф аз ин музокирот, расидан ба оташбаси муназзам байни нерӯҳои Украина ва ҷудоихоҳон дар шарқи ин кишвар буд. Дар ин гуфтугӯ намояндагони ҳукумати Украина, Русия, ҷудоихоҳон ва нозирони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. Маркиян Лубкивски, мушовири Хадамоти Амниятии Украина, рӯзи 25-уми декабр гуфт, ки табодули 150 сарбози украинӣ бо 225 размандаи ҷудоихоҳон ягона ҳосили чашмгири музокирот буд. Ин хабарро Александр Захаренко ва Игор Плотнитский, раҳбарони ҷудоихоҳони вилоятҳои Донетск ва Луҳанск тасдиқ карданд. Даври дуввуми музокирот ба рӯзи 26-уми декабр таъйин шудааст, вале ҳоло аниқ нест, нишаст сурат мегирад, ё не.

XS
SM
MD
LG